Ҳамоиши донишҷӯёни фаъоли Тоҷикистон

Октябрь 28, 2015 04:50

Душанбе, 28.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дирӯз, 27 октябр ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт баргузор гардид. Бино ба гуфтаи яке аз ташаббускорони ин ҳамоиш донишҷӯи соли чоруми факултаи муносибатҳои байналмилалӣ Аслиддин Хушвахтов,  дар ин рӯз ҷавонон муроҷиатномаҳо қабул карда, онро  дар назди ҳозирин қироат намуданд. 
«Ҳадаф аз ҳамоиш- ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани он, ки ҷавонони Тоҷикистон хостори сулҳу субот дар кишвар буда, намехоҳанд душманону хоинони миллат дар хориҷа номи тоҷикон ва Тоҷикистонро сиёҳ кунанд, зеро  дар минбари яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Олмон — Донишгоҳи Ҳейделберг собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон М.Кабирӣ  бо дурӯғу сафсатаҳо  нисбат ба Тоҷикистон  баромад кардааст ва имкон аст, ки мардуми Аврупо ин сафсатаҳоро ҳамчун ҳақиқат пиндоранд. М.Кабирӣ мехоҳад  бо  дурӯғу бӯҳтонҳои худ ва тарғиботи ғаразнок ҳамаро  гумроҳ намояд. Мо ба Ҳукумати Олмон, Амрико ва Парлумони Аврупо муроҷиат карда гуфтанием, ки онҳо набояд  нафареро, ки ҳамчун террористу эстремист эълон гаштаасту қасди барҳам задани суботу оромии як кишвари демократиро дошт, дар кишварҳои Аврупо ҷой диҳанд»,-иброз дошт мусоҳиб.
Дар ҳамоиш зиёда аз 300 донишҷӯй иштирок намуданд. Инчунин донишҷӯёни фаъол вобаста ба воқеаҳои 3-4 сентябр рухдода сухан гуфтанд.  Бино ба гуфтаи иштирокдорони ҳамоиш ҷавонон набояд дар чунин мавридҳо бетараф бошанд, зеро ояндаи миллат ва сулҳу субот аз ҷавонони бонангу номус вобаста аст. 
«Имрӯз мо ҳамаи  муроҷиатномаҳои ҷавононро бо  беш аз 200 имзо ба ҷойҳои зарурӣ  ирсол хоҳем кард. Мо  интизори ҷавоб мешавем ва агар ягон посух нагирем, омода ҳастем боз дар оянда муроҷиат кунем»,-изҳор дошт  А.Хушвахтов. 

Октябрь 28, 2015 04:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад