Ҳамоиши илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон конфронси илмӣ-амалии «Нақши Ҳисори Шодмон дар рушду нумӯи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар конфронс директори Пажӯҳишгоҳи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода роҷеъ ба диқати махсус додани Ҳукумати чумҳурӣ ба санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла гиромидошти таърихи чандинҳазорсолаи шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва шаҳрҳои қадимии он, обод кардани онҳо, эҷод кардани асару достон ва рисолаҳои илмиву таърихӣ оид ба пайдоиш ва гузаштаи онҳо, бахусус 3000-солаи Ҳисори қадим сухан гуфт. Доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов дар мавзӯи «Эҷодиёти шеърию мусиқии водии Ҳисор», узви вобастаи АИҶТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Муллоаҳмад дар мавзӯи «Доираи адибии Ҳисор», номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов дар мавзӯи «Мулоҳизаҳо доир ба этимологияи вожаи «Шумон», нависанда Ҳасани Муҳаммадӣ дар мавзӯи «Рӯинатан Ҳисори Шодмони Ватан», ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Назокат Қиличева дар мавзӯи «Масъалаи пажӯҳиши рақси халқии тоҷикии мардуми водии Ҳисор» маърӯза карданд.
Маърӯзачиён зикр намуданд, ки Ҳисори Шодмон таърихи қадимӣ дошта, ёдгориҳои таърихии он нишонае аз куҳанбунёд будани онанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон 3000-солагии Ҳисори Шодмон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






