Андешаҳо оид ба қатъ намудани фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломи Тоҷикистон
Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — 29 сентябри соли 2015 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шуд. Ифротгароӣ имрўз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеахое, ки рўзҳои охир дар Тоҷикиситон ба вукӯъ пайвастанд, роҳбарияти Ҳукумати мамлакатро водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва ваҳдати бо душворӣ ба даст омадаро хифз намоянд. Мо бояд имрўз кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли наврас таълими комили дунявию муосир гирифта, аз асрори технологияҳои нав хабардор бошад.
Мутаассифона, вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадрии исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло дар Ироқ, Сурия, Ливия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.
Барои ҳамин дар Тоҷикистон, ки аҳолии мусулмон 90 фисади онро ташкил медиҳад, мо бояд мардуми азияткашидаи худро аз ин гуна офатҳою бадбахтиҳо огоҳ кунем. Ваҳдате, ки бо ҷонбозиҳо, бо хуни мардуми тоҷик ба даст омадааст ва дар таърихи ҳалли низоъҳо, муноқишаҳо, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ беназир аст, ҳар яки мо бояд онро нигоҳ дорем.
Бинобар ин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳоротеро паҳн намуд, ки дар он гуфта мешавад: «Шахсоне, ки ихтиёран сафи ҲНИТ-ро тарк менамоянд ва баъд аз манъ намудани фаъолияти он бо ин ҳизб ҳамкориро қатъ мекунанд онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд».
Вазорати корҳои дохилӣ дар сомонаи худ изҳоротеро паҳн намудааст, ки дар замони охир шаҳрвандони кишвар ба мақомоти корҳои дохилӣ бо масъалаи, «оё аъзои собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ аз 29 сентябри соли 2015 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шудааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд» муроҷиат намудаанд.
Ба ин масъала, тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар рушонӣ андохта, изҳор менамоянд: «танҳо он шахсоне, ки минбаъд низ барои ташкили як сохтори нави ҳизбӣ кӯшиш мекунанд, фаъолияти худро ҳамчун аъзои ҲНИТ давом медиҳанд,тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд».
Аз ин рў мо аз ҳамватанони худ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давоми қонунӣ будани фаъолияти ҳизб аъзо буданд, хоҳиш менамоем, ки ба ягон таҳлука наафтода, дар мақомоти дахлдор, ки аз ҷониби сохторҳои давлатӣ муайян шуданд, оид ба баромадан аз узвияти ҲНИТ муроҷиат намоянд. Мо бояд фаромўш накунем, ки дар байни аъзои ин ҳизб аксарияти онҳо шахсони фаъоли ҷомеа буда, онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлати соҳибихтиёри мо нақши намоён доранд.
Мо аз ҳар як узви ҷомеа хоҳиш менамоем дарк кунанд, ки Президенти ҷумҳурӣ, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гоҳ намегузорад, ки барҳам додани як ҳизби сиёсӣ ба парокандашавии ҷомеа, ба тақсим шудани ҷомеа ба гурӯҳҳо оварда расонад. Манфиати давлати соҳибихтиёр, тақдири миллат, вахдати миллӣ ҳамчун муқаддасоти бебаҳо боқӣ хоҳанд монд.
Директори Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
д.и.т., профессор Акрамов З.И.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






