Қаноатмандии Сарвари давлат аз рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Суғд
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — “Боиси қаноатмандист, ки дар вилояти Суғд дар заминаи дастуру супоришҳои додашуда иқдому ташаббусҳои неки созанда сол ба сол вусъат пайдо намуда, дар ин асос рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин шуда истодааст”, — гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 21 октябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд.
Президенти кишвар илова намуд, ки дар давоми 10 соли охир дар доираи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015 ҷиҳати сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мавҷуда, пулу нақбҳо, корхонаҳои истеҳсоливу коркард, афзоиши истеҳсоли нерўи барқ ва кашидани хатҳои интиқоли он, бунёду навсозии муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоии вилоят чандин лоиҳаҳои муҳиму афзалиятнок татбиқ карда шудаанд.
“Танҳо дар 10 соли охир қисми даромади буҷети вилоят аз 223 миллион сомонӣ то ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуда, дар давоми солҳои 2005 – 2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти вилояти Суғд беш аз 13 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст”, — зикр намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






