Ҳарбиёни Ироқ панҷ аъзои «Давлати исломӣ» — ро асир карданд

Октябрь 23, 2015 05:00

Душанбе, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар  ба  хабари  агентии  Reuters, дар  ҷараёни  амалиёти  гурӯҳи  махсуси  низомии  ИМА барои озод  намудани  гаравгонон  дар  шимоли  Ироқ панҷ  нафар  ҷангиёни  гурӯҳи  террористии «Давлати  исломӣ» асир  гирифта шуданд.
Намояндаи Пентагон  изҳор  дошт, ки   амалиёти  наҷотдиҳӣ баъди  расидани  хабар  дар  бораи  қасди силоҳбадастони «Давлати исломӣ»  барои саросар  қатл  намудани  гаравгонон  оғоз  ёфт.
Панҷ аъзои  гурӯҳи террористӣ  дастгир  шуда, аз  теъдоди силоҳбадастони кушташуда хабар  дода намешавад. Дар  Пентагон ба ҳалокат расидани  низомии  Амрико  ҳангоми  роҳандозии  амалиёти  ҳарбиро  низ тасдиқ  намуданд. 
Қаблан  хабар  дода шуда буд, ки низомии  амрикоӣ  дар  ҷараёни  амалиёт барои  наҷот  додани  даҳҳо  нафар  гаравгонон  кушта шудааст. 

Октябрь 23, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд