Ҷасорати корманди милитсия зани 38-соларо аз марг наҷот дод
Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Зарина Нурматова, сокини 38-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва 23-юми октябри соли равон, тахминан соати 10:40 дақиқа бо мақсади худкушӣ худро дар рӯ ба рӯи бинои шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст.
Сержанти хурди милитсия Фирӯз Раҳматов милитсионери ротаи хадамоти посбонӣ-пайраҳадории милитсияи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур Заринаро наҷот дод. Амали саривақтии ӯ боис шуд, ки ҳаёти як инсон ҳифз шавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, дар давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ин сеюмин ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ мебошад, ки аз тарафи кормандони милитсия пешгирӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






