Ҷавони 26- сола бо гумони рабудани мошин дастгир шуд
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия ҷавони 26 солаеро дастгир карданд, ки бо гумони рабудани мошини «Опел- Астра» гунаҳкор дониста мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино сокини 27-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 30-юми сентябри соли равон аз маҳаллаи Лучоб шахсони номаълум мошини шахсиаш- тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки арзишаш 2500 доллари амрикоӣ аст, рабудаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 26-солаи шаҳри Душанберо бо гумони рабудани мошини мазкур дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






