Ҷавонони Кӯлоб: Ҳар гуна амали нангину ноҷавонмардонаро маҳкум мекунем
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бо баргузории як чорабинӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Кўлоб вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо фаъолҷавонони шаҳри Кўлоб баргузор шуд.
Дар мулоқот ба масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, маърифати фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву ватанпарварии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Таъкид гардид, ки имрўз бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ободу зебо гардида, ҷавонон озодона ба фаъолият ва таҳсил машғуланд. Гуфта шуд, ки дар ин давра ҷавонон бояд бештар ба корҳои хуб машғул гардида, баҳри ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд
Ҳамзамон зимни мулоқот як гурӯҳ чавонони фаъол доир ба мавзӯъҳои «Хиёнат ба Ватан», «Пешгирӣ аз нашъамандӣ» ва дигар мавзӯъҳои мавриди назарашон сухан гуфта, изҳор доштанд, ки ҳар гуна амали нангину ноҷавонмардонаеро, ки ба муқобили давлат равона гардидааст, маҳкум менамоянд. Ҷавонони фаъол ҳамсолони худро ба муттаҳидӣ ва ҳифзи ҳимояи марзу буми кишвар даъват намуданд.
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






