Ҷавонони раштӣ бо амри дил хизмати Ватанро ихтиёр карданд
Рашт, 06.10.2015 (АМИТ Ховар).—Нахустин гурӯҳи наваскарон аз ҳисоби ҷавонони водии Рашт ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ба ин муносибат дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт бо ҳузури ҷавонон, афсарону сарбозон, фаъолони ноҳияҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Имрӯз қисми зиёди ҷавонони водии Рашт бо дарки масъулияти фарзандӣ ва амри дилу виҷдон хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намудаанд. Хотиррасон мешавем, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсими даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз 1-уми октябри соли равон оғоз шуда, аллакай ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ноҳияҳои Рашт 30 нафар, Нуробод 16 нафар, Тавилдара 15 нафар, Тоҷикобод 14 нафар ва Ҷиргатол 12 нафар бо хоҳиши худ сафарбар шуданд, ки аксари онҳо дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ буда, дар миёни онҳо ҷавонони соҳибҳунар низ ҳастанд.
Дар чорабиниҳои тантанавӣ бо ҳузури даъватшавандагон, падарону модарон ва пирони рӯзгордида суҳбатҳо баргузор гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






