Аъзои собиқи ҲНИТ низ аъзои ҷомеаи мо мебошанд
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ Ховар). — Номвар Қурбонов, ходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба манъ шудани фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар Тоҷикистон ва оид ба тақдири минбаъдаи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ Ховар андешаҳои худро чунин баён кард:
«Воқеан асри 21 бо вуҷуди пешрафтҳои илмӣ ва дастовардҳои технологии бемайлон доштан бо як зумра мушкилоти сахт ва ҳалталаб рӯ ба рӯ гардидааст. Аз ҷумлаи ин мушкилот бо истифодаи арзишҳои динӣ-мазҳабӣ ва ҷорӣ кардани тафриқаву бадбиниҳо фаъолият кардани ҳаракату созмон ва ҳизбҳои динии таассубиву ифротӣ мебошад.
ҲНИТ аз ҳизбҳое мебошад, ки баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар аҳзоби сиёсӣ шинохта шуд. Соли 1997-ум баъд аз баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳизби наҳзат маротибаи дигар ба арсаи сиёсӣ баргардонида шуд. Вале ҳодисаҳои солҳои охир рӯйдода, алалхусус ҳодисаҳои ибтидои моҳи сентябри соли равон ба амаломада, бори дигар нишон доданд, ки роҳбарияти ҲНИТ аз ҳадафу ғаразҳое, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар худ доштанд, даст накашидаанд, балки боз мехостанд бо бад шудани авзоъ дар кишварҳои Ховари Миёна ва то ҳоло мураккаб боқӣ мондани вазъият дар Афғонистон, дубора Тоҷикистонро ба хуну оташ кашанд ва ҷанги шаҳрвандиро оғоз кунанд. Дар чунин марҳилаи ҳассос, ки минтақаро бӯҳронҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ фаро гирифтаанд, аз тарафи Суди Олӣ қабул шудани ҳалнома дар бораи қатъ кардани фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ-террористӣ айни муддао буд.
Бояд гуфт, ки ҲНИТ солҳои пеш яке аз аҳзоби фаъол буд ва дар миёни сокинони мамлакат ба таври васеъ тарғиботу ташвиқот мебурд. Аъзои қаторӣ чун мушоҳида карданд, ки роҳбарияти ҳизб бо аҳдшиканӣ ва қаҷрафторӣ бо терроризми байналмилалӣ алоқа дорад, аз узвияти минбаъдаи ҳизб даст кашиданд, дарк карданд, ки роҳи интихобкардаи онҳо хато будааст. Ин нафарон як қисми ҷомеаи шахрвандии мо мебошанд ва мо наметавонем онҳоро аз худ ҷудо кунем. Бинобар ҳамин, ман ба онҳое, ки ҷиноят содир накардаанд, муроҷиат мекунам, ки осудаву беташвиш бошанд ва аз пайи рӯзгори худ гарданд, зеро қонунгузории мамлакат онҳоро дар сурате ки ҷиноят содир накарда бошанд, таҳти ҳимояи худ қарор медиҳад. Ин таҷрибаро мо ҳанӯз соли 1997, вақте ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва вахдати миллӣ ба имзо расида буд, пайдо карда будем. Он замон аҳли ҷомеаи Тоҷикистон онҳоеро ба канори худ гирифта буд, ки дар даст силоҳ доштанду дар ҷабҳаҳо иштирок карда буданд. Акнун ҳам собиқ аъзои ҲНИТ мутмаин бошанд, ки ҳеҷ ниҳоде онҳоро беасос таъқиб намекунад».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






