Б. Обама: «Маскав ва Вашингтон дар масъалаи Сурия ҳамдигарфаҳмӣ надоранд»
Душанбе, 17.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар миёни Маскав ва Вашингтон оид ба масъалаи Сурия ҳамдигарфаҳмӣ мавҷуд нест. Дар ин бора, тавре ки Reuters хабар медиҳад, дирӯз, 16 октябр президенти ИМА Барак Обама изҳор кардааст.
Тавре ки президенти Амрико зикр кард, ИМА ва Русия қодиранд танҳо дар мавриди пешгирии ҳодисаҳои ногувор дар фазои Сурия гуфтугӯ кунанд. Ҳамзамон ҳарду кишвар барои танзими муноқишаи Сурия назари гуногун доранд,- илова кард Барак Обама.
15 октябр президенти Русия Владимир Путин мавқеи ИМА-ро дар мавриди танзими муноқиша дар Сурия ғайри созанда номид. «Асоси сустӣ ё беҷуръатии ин мавқеъ, шояд надоштани рӯзномаи корӣ бошад. Эҳтимол онҳо ҳеҷ чизи гуфтанӣ надоранд»,-хулоса кард В. Путин.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






