Ба таъқиби беасоси собиқ аъзои ҲНИТ роҳ дода намешавад
Душанбе, 05.09.2015, (АМИТ «Ховар»). Тавре ки маълум аст бо ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли равон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) — террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави мамлакат манъ карда шуд. Вобаста ба ин он аъзои ҳизби наҳзат, ки дар воқеаҳои ошӯбангези моҳи сентябр иштирок надоштанд, дар амалҳои худ кирдорҳои ҷиноятӣ содир накарданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.
Вазорати корҳои дохилии мамлакат расман изҳор кард, ки шахсоне, ки ихтиёран аз узвияти ин ҳизб баромадаанд ва баъди манъ доштани фаъолияти ҳизб ҳамкориро бо он қатъ намудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Аммо он шахсоне, ки фаъолияти худро дар ин ҳизб давом медиҳанд, ё аз нав аъзои он мешаванд ва ё сохторҳои нави ҳизбро ташкил карданӣ мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, — омадааст дар идомаи шарҳи расмии ВКД.
Тавре ки ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, «Шахсоне, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ин ҳизбро доранд, метавонанд ин ҳуҷҷатҳоро ба сохторҳои вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оварда, бо пешниҳоди ариза супоранд».
Ба таъқиби беасоси собиқ аъзои ҲНИТ роҳдода намешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






