Бадахшон: «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» 6 корхонаро маблағгузорӣ кард
Хоруғ, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар соли 2015 дар ВМКБ бунёди 36 корхона ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он 21 корхона то ба имрӯз ба фаъолият оғоз намудааст. Аз 21 коргоҳи фаъолиятдошта, 6-то аз ҷониби Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» маблағгузорӣ шудааст. Латиф Шоҳзодаев, сардори раёсати бахши иқтисодии Мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатии вилоят зикрд намуд, ки то охири сол коргоҳҳои боқимонда низ ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.
Корхонаҳои калонтарини вилоят, ки қодиранд бозорҳои ҳудуди вилоятро бо маҳсулоти гуногуни истеҳсоли худӣ таъмин намоянд, ин ҶДММ «Панҷ», ҶДММ «Хуҷаназр», «Авитсенна», «Шири кӯҳистон», «Ҷовид», «Зиёратшоҳ» ҳастанд, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорон» дастгирӣ ёфтаанд. Латиф Шоҳзода ҳамзамон гуфт, ки дар Бадахшон минбаъд тибқи шароиту имкониятҳо таваҷҷуҳи бештар ба бунёди корхонаҳои сангкоркунию истеҳсоли семент, коркарди пӯсту пашм, меваю сабзавот равона мегардад. Ҳамчунин дар ин минтақаи дурдаст бештар таъсиси коргоҳҳои муштарак ба ҳадаф мувофиқ аст, зеро на ҳамаи соҳибкорон дар танҳоӣ қудрати ташкили корхонаҳоро доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






