Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

Октябрь 28, 2015 05:08

Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, то Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми Ҷумҳурии Чехияро ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст самимона табрик ва таҳният гӯям.

Дар Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо бо Чехия дар соҳаҳои мухталиф бо таваҷҷӯҳи хоса менигаранд. Тавсеа ва таҳкими беш аз пеши ин муносибот ба манфиати мардумони ду кишвари дӯст ва сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд.

Аз ин рӯ итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар густариши тоза касб хоҳанд кард.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Президент, хушбахтиву саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Чехия хушрӯзӣ ва саодат орзумандам».

Октябрь 28, 2015 05:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад