Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Октябрь 27, 2015 06:12

Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон  Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,

Бо  қаноатмандии бузург ба Шумо табрикот ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати иди миллии Туркманистон — 24-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ирсол менамоям.  

Мо аз он қаноатмандем, ки ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон муҳтавои нави мусбати дорои хусусиятҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона касб мекунад.   

Изҳори умед мекунам, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ равнақ меёбанд. Мо аз ҷониби худ тамоми кӯшишро ба он равона месозем, ки ин муносибот ҳамаҷониба тақвият ёбанд. 

Мехоҳам ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатӣ ва комёбӣ, ба мардуми бародари туркман сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно бикунам».  

Октябрь 27, 2015 06:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид