Барои рушди ҳукумати электронӣ дар ду вазорат мақоми пилотӣ фароҳам оварда мешавад
Душанбе, 15.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Бо қабули лоиҳаи қонун заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои ба тариқи электронӣ ҷорӣ намудани тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати нақлиёт ҳамчун мақоми пилотӣ фароҳам оварда мешавад.
Қодири Қосим -раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур дар Парлумон гуфт, ки он бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар низоми иҷозатдиҳӣ, бахусус дақиқ намудани мафҳумҳо, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани қоидаҳои гузаронидани санҷишҳо, ихтисор ва ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, мушаххасоти пардохти иҷозатдиҳӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Тибқи тағйирот ба лоиҳаи қонун ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузории танзими низоми иҷозатдиҳӣ дода мешавад.
Қодири Қосим зикр кард, ки бо қабули лоиҳаи ин қонун механизми назорати фаъолияти мақомоти иҷозатдиҳанда танзим гардида, Вазорати молияи кишвар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолиятиро соҳиб мешавад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ гуфт, ки қонуни мазкур маъмурикунонии гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро дар кишвар коҳиш медиҳад. Инчунин масъулияти шахсони мансабдори мақомоти иҷозатдиҳандаро баланд бардошта, ба рушди ҳукумати электронӣ ва мубориза бо коррупсия дар кишвар мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






