Баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар») .- Имрӯз, 14 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рўзи соҳибкор» ба кори худ оғоз кард.
Форум дар толорҳои Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳида сурат гирифта, дар он масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ мегарданд.
Дар назар аст, ки дар бахши якуми Форум Ҷалби сармоя — дастовардҳо ва монеаҳо масъалаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: рў ба сўи соҳибкорӣ, давлат барои ҳамкорӣ ва шарикӣ, истифодаи афзалиятҳои рақобатпазирӣ, тадбирҳо барои дастгирии соҳибкорону сармоягузорон дар шароити буҳронӣ, ҳамкории минтақаваӣ — истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳибкориву сармоягузорӣ баррасӣ гарданд.
Бахши мазкур таҳти сарварии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода доир гардида, мавзуъҳои пешниҳодшуда ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар ин робита, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, роҳбари Департамент оид ба идоракунии давлатӣ, молия ва савдои Бонки Осиёии Рушд Ҳарриет Элизабет Вилкинсон, и.в. директори Маркази байналмилалии Истанбул оид ба рушди бахши хусусӣ Гулчин Салинган, сардори Департаменти омўзиш ва инноватсияи Бонки ҷаҳонӣ Бенҷамин Ҳерзберг, Президенти Гурӯҳи саноатии «Эрон Худрав» Ҳошим Якказарра, ноиби Президенти Институти ИстВест, Сафир Мартин Флейшер ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод сухан мегӯянд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва баҳсу мунозира сурат мегирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






