Беҳтарин ва арзандатарин туҳфа барои ҳар миллат сулҳ аст
Душанбе, 01.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз барои мардуми кишварамон, аз ҷумла мардуми Суғдзамин саодати бузург аст, ки дар чунин фазои озоду кишвари обод умр ба сар мебаранд, ки ин пеш аз ҳама, бо саъю кӯшиши шабонарӯзиву сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пойдор намудани сулҳу субот дар кишвар баъди имзо намудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имконият дод, ки ҲНИТ ба ҳайси ҳизби сиёсӣ ба таври расмӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намояд.
Аммо то ба имрӯз дар ягон самт ҲНИТ барои шукуфоӣ ва суботи иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ нақш нагузоштааст, худро аз табақаҳои иҷтимоӣ дур кардааст, аҳолиро бахусус ҷавонону духтаронро ба омӯзиши илму дониш ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир ҳидоят накардааст. ҲНИТ бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир ягон маротиба ҷиҳати зарур будани мубориза бар зидди терроризм, ки чун вабои аср арзёбӣ мегардад, ҳамчунин хурофотпарастиву ифротгароӣ ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати занону духтарон ва ҷавонони кишвар ягон чорабинии фарҳангӣ, таълимию маърифатӣ барпо нанамудааст. Ин ҳизб ягон маротиба исрор нанамуд, ки терроризм ва экстремизм бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир мешаванд.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо ҷаҳони муосир дар гирдоби падидаҳои номатлуб, аз қабили ваҳшонияту хунрезиҳои бераҳмона қарор дорад, ки берун аз тасаввури ақли инсонӣ мебошад. Дар чанд кишвари исломиву ғайриисломӣ, чун Сурия, Миср, Ироқ, Украина бар асари зиддиятҳои мазҳабӣ гирдиҳамоию хунрезиҳо идома доранд, ки фазои нисбатан ороми ҷомеаи башариро халалдор ва рӯҳияи мардуми сайёраро шикаставу осебпазир намудаанд.
Имрӯз дар вилояти Суғд қариб, ки тамоми бахшу шуъбаҳои ҳизби сиёсии исломӣ фаъолияташро қатъ кардааст ва бевосита мардум бо хоҳиши худ аз узвияти ин ҳизб даст кашиданд.
Мо, мардуми Суғдзамин, бахусус занону модарони вилоят худшиносиву худогоҳӣ ва ҳушёриро аз даст бояд надиҳем, ҷомеаи озоду демократиамонро аз сирояти чунин падидаҳои марговар раҳо созем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккурамон бояд ҳисси меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ ҷӯш занад. Муҳаббат ба Ватанро чун ибодат фарз шуморем ва дар ҳифзи ягонагиву ваҳдати комили он саъю талош намоем.
Раёсати кор бо занон ва оилаи
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилояти Суғд








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






