Беш аз 18,3 миллиард сомонӣ – ҳаҷми буҷети давлатӣ дар лоиҳаи он барои соли 2016

Октябрь 28, 2015 10:46

Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 масъалаи асосии маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳоло таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи кунуни рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр намуд, ки дар 9 моҳи соли равон  таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, аз ҷумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад.
Дар ин муддат  иҷрои буҷети давлатӣ ба андозаи 96,5 фоиз таъмин шуда, ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша  391 миллион сомонӣ кам мебошад.
Аз ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати боқимондаи соли равон барои иҷрои пурраи Буҷети давлатӣ чораҳои самарабахш андешида, амалӣ намоянд.  
Бино ба иттилои Сарвари давлат, ҳаҷми Буҷети давлатӣ барои соли 2016 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли равон қариб 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8 фоиз зиёд аст.
Тавре таъкид гардид, хислати иҷтимоии буҷети давлатӣ оянда ҳам  нигоҳ дошта мешавад ва ба ин хотир дар соли 2016 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ нисбат ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.
Дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018бо назардошти таклифу пешниҳодҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

 

Октябрь 28, 2015 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад