Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод»- и ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент

Октябрь 18, 2015 13:27

Душанбе, 18.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Зимни сафари кории худ дар шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод»- и ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасан дидан намуд.

Дар ин хоҷагии деҳкони 37 нафар саҳмдор, ки 7 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, фаъолият менамоянд. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 23 гектарро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагидорон дар ин хоҷагии деҳҳонӣ номгуи зиёди зироатҳои кишоварзиро корида, ҳосили дилхоҳи гандум, шолӣ, ҷав, ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот ва беда ба даст меоранд. Тибқи иттилои сарвари хоҷагии деҳқонии Шаҳзод Фарҳод Муҳиддинов  ҳар сол аз ин хоҷагӣ 105 тонна сабзавот, 88 тонна картошка, 35 тонна гандум ҳосил ба даст меоранд. Хоҷагии дехқонии «Шаҳзод” ҳануз соли 2003 таъсис ефта, дар ихтиёри худ 23 гектар заминҳои обӣ дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз даромади софи хоҷагӣ харидорӣ кадани техникаҳои гуногун ҳидоят намуд.

Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон намоишгоҳи маҳсулоти кишварзиро тамошо кард.

Дар ин намоишгоҳ 43 номгӯи маҳсулот, ки дастранҷи деҳконони шаҳр буд, ба маъраз гузошта шуд.

Гандум, ҷав, маккаи дон, нахуд, лубие, офтобпараст, картошка, помидор, бодиринг, пиез, сабзӣ, якчанд навъи ангур, себ, намудҳои гуногуни шолӣ ва асал аз ҷумлаи онҳо буд. 

Зимни тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорон, боғдорон ва занбуриасалпарваронро ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифат, рушди бахшҳо, ба иқлими минтақаҳои гуногуни мамлакат мутобиқ кардани меваю полезиҳо, пайвандсозии ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, содироти дастранҷашон ба пойтахт, Россия, Покистон ва дигар кишварҳои хориҷ, тавсияҳои муфид дод.

Инчунин Президенти мамлакат маслиҳат дод, ки ҳар як нафари ба хоҷагидорӣ машғул дар баробари парваришу истеҳсоли маҳсулот ба харидорон дар бораи хусусиятҳои табобатии меваю сабзавот маълумот дода тавонанд, зеро ҳамаи маҳсулоти хуштамъу болаззати диёри мо дорои хусусиятҳои хоси табобатӣ ҳастанд ва бе ягон маводи доруворӣ имкони шифо бахшидан ба аксари бемориҳо мавҷуд аст. 

Дар намоишгоҳ олимони академияи илмҳои кишоварзии мамлакат баъзе навъҳои маҳаллии шолии ихтироъкардаи худро муаррифӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои пешбурди кори деҳқонӣ барору комёбӣ таманно намуд ва барфи аввалине, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент борид барои кишоварзон манбаи файзу баракат арзёбӣ кард.

Октябрь 18, 2015 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад