Боздошти ҷавони 26- сола бо гумони тасарруфи беш аз 3900 сомонӣ
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия ҷавони 26 солаеро дастгир карданд, ки дар тасарруфи беш аз 3900 сомонӣ айбдор мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 26-солаи ноҳияи Панҷро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда шаби 6-ум ба 7-уми октябри соли равон бо роҳи пинҳонӣ аз дохили филиали ширкати “Вавилон-мобайл”, воқеъ дар шаҳраки Панҷ 8 телефони мобилии гуногунтамға, 2 модем, 9 асбоби садобарор ва 7 таҷҳизоти барқдиҳанда, ҷамъ ба маблағи 3980 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






