Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё ба анҷом расиданд
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар қитъаи Осиё шоми дирӯз дар 10 гурӯҳ бозиҳои интихобӣ барои Ҷоми Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19 -сола ҷамъбаст шуданд. Дар натиҷа дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Амороти муттаҳидаи Араб, Қатар, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ироқ Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Япония, Австралия, Таиланд, Кореяи Шимолӣ, Яман ва мизбони бозиҳо- дастаи мунтахаби Баҳрайн, ҷамъ 16 даста барои ширкат дар бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Акнун ин дастаҳо соли оянда баъди қуръакашӣ дар чор гурӯҳ барои Ҷоми Осиё мубориза хоҳанд бурд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






