Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад
Душанбе, 12.10.20115. (АМИТ «Ховар»).-Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ-и Турсунзода 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барои бори панҷум паиҳам ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф шудаанд. Дар бозиҳои ниҳоӣ байни ин ду даста ду бор дастаи «Регар-ТадАЗ солҳои 2011, 2012 ва ду бор дастаи «Истиқлол солҳои 2013, 2014 ғолиб омада, Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.
Бояд тазаккур дод, мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 24-ум барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар 6 бор дастаи «Регар-ТадАЗ Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Дастаи «Истиқлол чаҳор бор ва «Хуҷанд-и Хуҷанд се бор барандагони Ҷом шуданд. Дастаҳои «Вахш-и Қӯрғонтеппа, «Варзоб-и Душанбе ва «Парвоз(собиқ «Авиатор)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, тимҳои «Помир-и Душанбе, «Ситора-и Душанбе, «Равшан-и Кӯлоб ва «Пахтакор-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






