Бозии тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар» Меҳрони Курбон).- Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзақоваи шаҳри Бишкек вохӯрии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон доир гардид. Ин дидор дар доираи бозиҳои интихобии роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи Б доир гашт. Нахуст шуда, футболбозони мизбон дар дақиқаи 7-уми рақобат ҳисобро боз намуданд. Дар қисми дуюми сабқат бозии футболбозони тоҷик ранги дигар гирифт ва Манучеҳр Ҷалилов аз як имконияти мувофиқи голзанӣ истифода намуда, дар дақиқаи 65-ум ҳисобро баробар кард. Пас аз 7-дақиқаи дигар мизбонон дар ҷаримагоҳи хеш қоидаи бозиро вайрон намуданд ва довар ҷаримаи 11-метра таъйин кард, ки ин зарбаро Аҳтам Назаров озод вориди дарвоза намуд. Дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ довар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ғайричашмдошт ба дарвозаи футболбозони тоҷик ҷазои 11-метра таъйин кард, ки онро мизбонон ба ҳадаф расониданд. Ҳамин тавр, вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ- 2 бар 2 ба анҷом расид. Қаблан дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни ҳам 10 маротиба рақобат кардаанд, ки дар 7-тои он футболбозони тоҷик пирӯз омада, яктои онро мусовӣ анҷом додаанд. Ҳамакнун дар доираи ин мусобиқа дастаи миллии Тоҷикистон 13-уми октябр дар сафар бо тими мунтахаби Урдун вориди рақобат мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






