Бозомӯзии кормандони Осорхонаи кишваршиносии Бадахшон дар ОМТ
Хоруғ, 19.10. 2015 (АМИТ «Ховар»).- Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии вилояти Бадахшон дар таъмир намудани нигораҳои осорхона ҳамкориро бо мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон (ОМТ) ривоҷ дода, нигораҳоро навсозӣ хоҳад кард.
Ба иттилои сардори осорхонаи вилоят Хушомад Ализод, Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии вилоят ба коргарони касбӣ ниёз дорад, ки дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони Осорхонаи вилоятӣ барои бозомӯзӣ ва аз худ намудани нозукиҳои таъмири нигораҳо, хуб ба роҳ мондани коргузорӣ якҷоя бо Вазорати фарҳанг дар Осорхонаи миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии вилояти Бадахшон дорои 7985 нигора мебошад, ки 6978 адади он ба фонди асосӣ ва боқимонда ба фонди иловагӣ дохил мешаванд. Осорхона соли 1944 ташкил ёфтааст ва имрӯз аз 22 толор ва 4 шуъба иборат мебошад .








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






