Британияи Кабир муддати ҳузури низомиёнаш дар Афғонистонро дароз мекунад

Октябрь 28, 2015 05:36

Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Британияи  Кабир муддати иштироки низомиёнаш  дар рисолати «Дастгирии  қатъӣ» — и  Афғонистонро дароз  мекунад,  хабар  дод  вазири  мудофиаи Шоҳигарии Муттаҳидда  Майкл  Фэллон  зимни  суханрониаш  дар  ҳузури  вакилони  парлумон. 
Бо тасмими Вазорати мудофиаи  Британия ҷузъу томҳои кишвар иборат  аз  450 хидматчии  ҳарбӣ тӯли  соли  2016  дар  Афғонистон  боқӣ  монда, дар  ин  давра кам  кардани  шумораи он  дар назар  нест. 
Қарор  дар  бораи   тамдиди  ҳузури  низомиён аз рӯи  натиҷаи  арзёбии  вазъи  ҳозираи  амният  дар Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон  ва рисолати НАТО қабул  шуд.  Вазир эътироф  намуд, ки барои амнияти  кишварро   мустақилона  таъмин  намудани қувваҳои  Афғонистон вақти  муайян  зарур  аст. 
Ёдовар  мешавем, ки  чанде  пеш президенти  ИМА Барак  Обама  дар  бораи соли  2016  дар  Афғонистон   нигоҳ доштани ҳузури 9800  нафар  низомиён  ва  дар  оғози  соли  2017  ба  5500  нафар  расонидани онҳо  хабар  дода буд. 

 

Октябрь 28, 2015 05:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад