Чаро ҲНИТ баста шуд? Тақдири собиқ аъзои ҲНИТ чӣ мешавад?
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Бо ҳалномаи Суди Олии мамлакат қатъ шудани фаъолияти минбаъдаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон заминаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва омилҳои дохиливу хориҷӣ дар таркиб дошт. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Нуриддин Шаҳобиддинов бо як савол муроҷиат кард: «Чаро баста шудани ҲНИТ зарур буд? Тақдири собиқ аъзои ҲНИТ чӣ мешавад?».
Нуриддин Шаҳобиддинов:
«Агар таърихи ҲНИТ-ро мавриди таҳлил қарор диҳем, баръало хоҳем дид, ки ин ҳизб чандин марҳалаҳоро аз сар гузаронидааст. Замоне, ки ҲНИТ пайдо шуда буд, даврони ҳукумати шӯравӣ буд. Он гунае, ки аз ёддоштҳои худи аъзои ҲНИТ бармеояд, онҳо ба тариқи пинҳонӣ фаъолият мекарданд. Замоне, ки ҲНИТ ба фаъолият шурӯъ кард, дар Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ арзишҳои динӣ маҳдуд ва гуфтан мумкин, то андозае поймол шуда буданд. Масалан, нашри адабиёти динӣ маҳдуд, дари масҷид ва мазорҳо қулф, рафтан ба ҳаҷ мамнӯъ буд. Ҳамчунин маконҳои барои рӯҳониён муқаддас обод набуда, дар ҳолати харобӣ қарор доштанд. Бо ба даст омадани истиқлолияти давлатии мамлакатамон муносибат ба дин ва арзишҳои динӣ ба куллӣ дигар шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳама барои қонеъ гардонидани талаботи динии шаҳрвандон фаъолият кардааст. Дари ҳазорон масҷидҳо кушода ва мазорҳову ҷойҳои муқаддас ободу эҳё, адабиёти динӣ фаровон нашр шуданд. Аз ҷумла, бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби муқаддаси Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ва бо ҳуруфи кириллӣ бо теъдоди сад ҳазор нусха нашр гардид. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат зиёрати хонаи Худоро ба ҷо оварда, ҳоҷӣ шуданд ва имрӯз ҳам рафтан ба шаҳрҳои муқаддаси мусулмонон Макка ва Мадина ягон мушкилӣ надорад. Бо назардошти ин ҳама, ба андешаи ман, вуҷуд доштани ҳизбе, ки ба хотири манфиатҳои динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза мебарад, кори бемаънӣ мебошад. Ин аз ҷанбаи воқеоти дохилии мамлакат аст, вале агар воқеоти беруниро ба назар гирем, вуҷуд доштани ҳизби дорои характери динӣ дар замони авҷ гирифтани ифротгароиҳои динӣ-таассубӣ воқеан ҳам хатари ҷиддӣ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа дорад, зеро барои гурӯҳҳои пасипардагие, ки мехоҳанд манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷии худро пиёда кунанд, беҳтарин ниҳоди расмӣ ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ-исломӣ мебошанд. Тавассути ҳизбҳои сиёсӣ-исломӣ онҳо инфрасохторҳои мавҷудаи давлатиро барҳам медиҳанд ва ҳар ҳадафу манфиате, ки доранд, барои барҳам додани амнияти минтақа ва давлатҳо бо истифода аз ҳамин созмону ҳаракатҳои сиёсӣ амалӣ мегардонанд. Аз тарафи дигар он кирдору амалҳои хиёнаткоронаи содиркардаи ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар дуруст, муҳим ва саривақтӣ будани ҳалномаи Суди Олиро дар хусуси баста шудани ҲНИТ нишон медиҳад.
Бояд гӯям, ки ҳизби наҳзат чанд сол пеш дар фазои озоди мамлакатамон фаъолияти густурда дошт. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо шаҳрвандоне буданд, ки ба ин ҳизб бовар доштанд ва аз пайи он мерафтанд. Вале пеш аз он, ки фаъолияти ғайриқонунии ҳизб аз ҷониби сохторҳои дахлдор манъ карда шуд, аллакай дар минтақаҳо фаъолияти ин ҳизб худ аз худ қатъ шуда буд. Шаҳрвандони Тоҷикистон узвияти худро аз ин ҳизб канда буданд, дигар ба роҳбарияти ҳизби наҳзат бовар надоштанд. Акнун, саволе ба миён меояд: вақте ҳизби наҳзати исломро бастанд, он нафароне, ки аъзои ин ҳизб буданд, дар кадом ҳолат қарор мегиранд? Ба андешаи ман, онҳо ба ягон ҷиноят роҳ надодаанд, зеро озодии дину эътиқод ва андеша дар мо таъмин аст, бинобар ҳамин як гурӯҳ одамон ба роҳбарияти ҲНИТ бовар карда, аз паси онҳо рафтанд. Вале вақте онҳо худашон ин ҳизбро тарк карда, ба фаъолияти рӯзмарраи худ бармегарданд, ҳеҷ ниҳоде аз паси ҷустуҷӯ ва таъқиби беасоси онҳо намешавад. Ҳаёти сиёсии ҷомеа ва ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон ба маҷрои пешинаи худ бармегардад».