Чорабиниҳои нахустин дар доираи Форуми байналмилалӣ оғоз шуданд

Октябрь 7, 2015 03:53

Душанбе, 07.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Душанбе дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» мизи мудаввар баргузор мегардад. Мизи мудавар бо иштироки мутахассисон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуда, дар он самтҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди соҳа муҳокима  мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки имсол дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015» ба нақша гирифта шудааст, ки он таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14-уми октябри соли равон баргузор мегардад. Барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ даъват шудаанд.

 

Октябрь 7, 2015 03:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд