Чжу Хайлун бо як ҳайати бонуфуз озими Душанбе мегардад
Душанбе,28.10.2015.(АМИТ “Ховар”). — Ҳайати бонуфузи Урумчӣ, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, охири моҳи октябр таҳти роҳбарии Чжу Хайлун -узви Кумитаи доимии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур озими Душанбе мегардад.
Ҳадафи сафари ҳайати Урумчӣ ба Душанбе таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ ва рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратист. Ба ҳайати шаҳри Урумчӣ дар радифи намояндагони баландпояи ин шаҳр, инчунин роҳбарони 6 ширкати бонуфузи ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғури Чин шомиланд.
Дар доираи сафар ҳайати мазкур бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва роҳбарони корхонаҳои саноатии пойтахт мулоқот анҷом дода, бо фаъолияти ин корхонаҳо шинос мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






