«Cозандагони Ватан» дар Бадахшон роҳҳои пешгирӣ аз омилҳои номатлубро баррасӣ мекунанд
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи даври дуюми чорабиниҳои худ бахшида ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ имрўз дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон дар мавзўи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» мизи мудаввари вилоятӣ баргузор намуд.
Дар мизи мудаввар ҷавонон аз навоҳии атрофи шаҳри Хоруғ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорону коршиносон, аҳли дин ва мақомоти муҳоҷират иштирок намуданд.
Инчунин дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ вохӯрии роҳбарияти ташкилоти ҷавонони ҳизб бо донишҷӯёни макотиби олии вилоят низ баргузор шуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандўстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба рўҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, иборат мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






