Дабири кулли СММ аз кишварҳо даъват кард, ки амалиёти худро дар Сурия ҳамоҳанг созанд
Душанбе, 08.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дабири кулли СММ аз тамоми кишварҳое, ки дар Сурия бар зидди террористон амалиёти ҳарбӣ мегузаронанд, даъват кард, ки амалиёти худро ҳамоҳанг созанд ва аз воқеаҳои ногувор ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин бора намояндаи расмии ӯ Стефан Дюжарик ба хабарнигорон иттилоъ дода, ҳамзамон бори дигар аз хатари пайдо шудани ҳавопаймоҳои ҳарбии кишварҳои гуногун дар осмони Сурия ҳушдор дод.
«Эҳтимол ин вазъро бисёр хатарнок созад», — гуфт ӯ. Ба иттилои ӯ дабири кулл даъват мекунад: «тамоми кишварҳо ва ҷонибҳое, ки дар ин минтақа амалиёти ҳарбӣ мегузаронанд, бояд кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд, то амалҳои худро ҳамоҳанг созанд ва аз тамоми воқеаҳои ногувор ҷилавгирӣ намоянд».
Дюжарик иттилоъ дод, ки дар робита ба ин дар котиботи СММ «иттилоот дар матбуот доир ба машварат миёни низомиёни Русия ва ИМА оид ба бартараф намудани вазъи муноқишавӣ»-ро ба инобат гирифтанд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки «чӣ амалиёте, ки бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро роҳандозӣ мешавад, бояд ба чорчӯбаи ҳуқуқҳои башардӯстии байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Бояд тамоми кӯшишро равона кард, то дар миёни аҳолии осоишта қурбонӣ набошад».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






