Дар Кобул ҳамлаи силоҳбадастон ба Вазорати мудофиа ҷилавгирӣ шуд
Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Раёсати амнияти миллии Афғонистон ҳамлаи силоҳбадастонро ба Вазорати мудофиа пешгирӣ намуданд.
Дар ин ҳамла мебоист 5 силоҳбадаст иштирок намояд, ки 2 нафари онҳоро кормандони идораи иктишофот дастгир намуданд.
Мутобиқи нақшаҳои ташкилкунандагони ҳамла, силоҳбадасти худкуш мебоист автомобили минадорро тарконида, баъди ин силоҳбадастони дигар ба бинои вазорат дохил шуда, посдорони тартиботро оташборон кунанд.
Хабар дода мешавад, ки воситаи нақлиётӣ барои ҳамла омода гардида, дар дохили он қариб 250 килограмм моддаҳои тарканда мавҷуд буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






