Дар шаҳри Чкалов пулҳои қалбакӣ ошкор шуданд
Душанбе, 28.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Дар шаҳри Чкалов як далели ба муомилот баровардани пулҳои қимматноки қалбакӣ ошкор шуд. Кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 26-солаи шаҳри Панҷакентро дастгир намуданд, ки номбурда 27 октябр 95 000 рубли ФР-и қалбакии сохташударо бо мақсади иваз ва ба муомилот баровардан ба филиали нуқтаи ивази асъори “Тоҷпромбонк”, воқеъ дар ш.Чкалов супоридааст. Тибқи маълумотномаи шуъбаи ташхисӣ, асъори коғазии мазкур бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр шуда, қалбакӣ мебошанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






