Дар Тоҷикистон тамоюли ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакон афзоиш ёфтааст
Душанбе, 15.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Тамоюли ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакони ятим дар Тоҷикистон рӯ ба болоравӣ дошта, дар панҷ соли охир 3 ҳазору 925 нафар кӯдак ба фарзандхонӣ қабул шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2011 -615 нафар, соли 2012 — 674, соли 2013 -713 нафар, соли 2014 -1296 ва дар нӯҳ моҳи соли равон 627 нафар кӯдак ба фарзандхонӣ гирифта шудааст. Инчунин 1756 шаҳрванд барои ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакон дар навбат мебошанд.
Нуриддин Саид -вазири маориф ва илми кишвар зимни тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Парлумони мамлакат гуфт, ки тамоюли афзоиши ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакон аз ҷониби шаҳрвандон шаҳодати вазъи хуби иҷтимоию молиявии оилаҳост.
Ҳамзамон вазир афзуд, ки дар се соли охир судҳои кишвар дар асоси қарорҳояшон ба 88 шаҳрванди Тоҷикистон, ки майли ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдаконро доштанд, иҷозат надодаанд: соли 2013 ба 44 оила, соли 2014 ба 24 оила ва дар нӯҳ моҳи соли равон ба 20 оила.
Дар асоси қарори суд дар соли 2013 баъди ба фарзандхонӣ қабул кардан 5 кӯдак, дар соли 2014 -1 нафар баргардонида шудааст. Дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон баргардонидани кӯдакони ба фарзандхонӣ қабулгардида ҳанӯз ба қайд гирифта нашудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






