Дар заминларзаи Афғонистон беш аз 260 нафар ҳалок шуд
Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Теъдоди фавтидагони заминларзаи Афғонистон ба беш аз 260 нафар расид.
Дар Покистон 228 нафар ҳалок гашта, беш аз 1000 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар навбати худ ҳукуматдорони Афғонистон иттилоъ доданд, ки 33 нафар фавтида, беш аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳукуматдорони Ҳиндустон низ оид ба фавти 2 нафар дар минтақаи Кашмир иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз соати 13.39 вақти маҳаллӣ дар Афғонистон зилзила бо қувваи 7,5 бал ба амал омад. Маркази зилзила дар умқи 212,5 километр дар километри 45-уми қисмати ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Ҷурм ҷойгир будааст. Ларзишҳои зеризаминӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ низ эҳсос гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






