Дарко Бонетс суботи молиявӣ ва сиёсати макропруденсиалӣ дар Словенияро баррасӣ кард
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ Ховар).- Дар доираи барномаи кумаки техникии Хазинаи байналхалқии асъор ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Гурӯҳи кории он ба ҷумҳурӣ ташриф овард. Муовини раиси Бонки марказии Словения ҷаноби Дарко Бонетс дар ҳузури муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев, муовини раиси бонк ҷаноби У.Латифов ва ҷамъи роҳбарони департаменту идораҳои марбута вобаста ба “Суботи молиявӣ ва сиёсати макропруденсиалӣ дар Словения” маърӯза кард.
Дарко Бонетс масъалаҳои асосӣ ва муҳимро дар мавриди таҳлили суботи молиявӣ, таҳия ва татбиқи сиёсати макропруденсиалӣ, ташкили воҳиди сохтории масъул, таҳияи моделҳо барои муайян сохтан ва мониторинги хавфҳои суботи молиявӣ, инчунин дар хусуси аз ҷониби Низоми аврупоии назорати молиявӣ ба роҳ мондани назорати макропруденсиалӣ дар минтақаи Аврупо мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки мақсади асосии сиёсати макропруденсиалӣ- ин пеш аз ҳама, нигоҳ доштани суботи низоми молиявӣ бо роҳи баланд бардоштани устувории низоми молиявӣ ва коҳиш додани хавфҳои он мебошад, ки дар навбати худ метавонад саҳми босазои бахши молиявиро дар рушди иқтисодиёти кишвар таъмин намояд.
Бешубҳа, таҷрибаи пешрафта ва санҷидашудаи бонкдорон дар Аврупо метавонад ҳангоми мавриди истифода қарор додани он дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кори Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо саҳми босазо гузорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






