Дарвоз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписаронро иҷро кард
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар» ).-Ноҳияи Дарвози ВМКБ нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сад фоиз иҷро кард. Нақшаи даъват аз 25 аскар иборат буда, ҷавонписарон дар нахустрӯзи маърака аз муоинаи пурраи тиббӣ гузаштанд. Раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон иброз намуд, ки ҳамаи даъватшавандагон бо хоҳиши худ озими Комиссариати ҳарбии ноҳия шуда, 18 нафараш дорои маълумоти олӣ мебошад. Ду даъватшаванда, ки дорои маълумоти олиянд, сокини ҷамоати деҳоти Вишхарв буда, аз оилаҳои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия мебошанд. Шаш нафар даъватшаванда аз ҷамоати деҳоти Сағирдашт ва шаш нафари дигар аз ҷамоати деҳоти Нулванд мебошанд. Даъватшудагони боқимонда сокинони маркази ноҳия — шахраки Қалъаи Хумбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






