«Давлати исломӣ» масъулияти тирпарронӣ дар масҷиди Арабистони Саудиро бар ӯҳда гирифт
Душанбе, 17.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти тирпарронӣ дар масҷиди пайравони мазҳаби шиа дар Арабистони Саудиро, ки рӯзи ҷумъа ба амал омад, бар ӯҳда гирифт, — иттилоъ медиҳад «Reuters».
Бино ба иттилои манбаъ, ифротгароён дар ин бора дар шабакаи Интернет изҳорот пахш кардаанд. Дар ин изҳорот қайд мешавад, ки ин ҷангӣ бо автомат мусаллаҳ буд.
Марди тақрибан 20-сола ҳангоми тафтиши полис тир мекушояд. То он даме, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин ҷангиро ба ҳалок мерасонанд, вай 5 нафарро кушта, чанд каси дигарро захмӣ мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






