Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Душанбе, 16.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 октябри соли 2015 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар шаҳри Остона, дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбати самимона тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин масъалаҳои вобаста ба татбиқи созишҳои бадастомадаи сарони ду кишвар ва комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ табодули назар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






