Дмитрий Медведев ба Душанбе меояд

Октябрь 21, 2015 08:24

Душанбе, 21.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири Русия  Дмитрий  Медведев дар  ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои  ИДМ, ки  30  октябр  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мешавад,  иштирок  менамояд. 
Рӯзномаи  ҷаласа  беш  аз  30  масоилро  фаро  мегирад, ки  қисми  асосиашон  ба рушди ҳамкории тиҷоратию  иқтисодӣ  бахшида  мешавад. Иштирокдорони  ҷаласа  перомуни   густариши ҳамкорӣ дар  бахшҳои  молия, иҷтимоиёт,  ҳифзи  ҳуқуқ  ва ёрии башардӯстона   табодули  афкор намуда, ҷараёни  татбиқи нуктаҳои Шартнома дар  бораи  минтақаи  савдои  озод  аз  18  октябри  соли  2011 — ро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд.
Қабули   нақшаҳо ҷиҳати  татбиқи  марҳалаи  сеюми Стратегияи   рушди  иқтисодии  ИДМ  барои  давраи  то  соли  2020,  ҳамчунин  марҳалаҳои  навбатии иҷрои  Стратегияи  ҳамкории  ҷавонон  ва Стратегияи рушди тарбияи  ҷисмонӣ ва  варзиши кишварҳои  Иттиҳод  дар назар  аст.
Дар  ҷаласа  ҳамчунин   нақшаи  чорабиниҳо бахшида ба таҷлили  25 —  солагии  таъсиси  ИДМ дар  соли  2016  ба  тасвиб расонида  мешавад.
Аз  рӯи  натоиҷи  ҷаласа  ба имзо  расонидани Созишнома  дар  бораи шартҳои ҳисоббаробаркунии  байниоператорӣ ҳангоми  хидматрасонии  мухобираи байнидавлатии электронӣ  дар  давлатҳои  аъзои  ИДМ,  ҳамчунин   ворид  намудани  тағйирот  ба баъзе  шартномаю қарордодҳои  байналмилалии  ИДМ  дар назар  аст. 

 

Октябрь 21, 2015 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад