Донишҷӯи Коллеҷи омори Ваҳдат дар Қазоқистон ҷойи сеюмро ишғол кард

Октябрь 10, 2015 07:14

Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат соли ҷорӣ дар озмунҳои фаннию варзишие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 60 коллеҷи ҷумҳуриявӣ ташкил шуда буд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Донишҷӯёни коллеҷи мазкур Беҳзод Назаров дар Душанбе аз намуди гӯштини дзюдо дар байни 16 даста чойи аввал, Меҳрубон Сафаров аз таэквандо дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар байни дастаҳои 10 давлат ҷойи сеюм ва Шаҳодат Исмоилова дар Душанбе байни 15 даста аз таэквандо ҷойи сеюмро ишғол карданд, ки бо диплому медалу  ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
  Тибқи иттилои  директори Коллеҷи омори  шаҳри Ваҳдат Зоир Раҳмонов дар айни замон донишҷӯён аз 26 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар коллеҷи мазкур таҳсил намуда, бо хобгоҳ таъмин мебошанд.
Дар Коллеҷи мазкур 2 факултет, 6 кафедра фаъолият намуда, донишҷӯёнро аз рӯи 10 ихтисос, ки мутобиқ ба бозори  меҳнатанд, ҳамчун мутахассис омода менамоянд.

 

 

Октябрь 10, 2015 07:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд