Донишҷўёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба китобхона мераванд
Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 31 октябри соли равон соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Биёед ба китобхона равем» доир мегардад.
Тавре ки сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров иттилоъ дод, дар чорабинӣ зиёда аз 100 донишҷўю устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода оид ба таърихи китобхона ва имкониятҳои он ба ҷавонону ҳаводорони илму дониш маълумот диҳад.
Бояд гуфт, ки ҳадафи чорабинии мазкур тарғиби китоб ва ҷалб намудани донишҷўён ба китобу китобхонӣ мебошад.
Дар чорабинӣ мубодилаи афкор миёни директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ва иштирокдорон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки чунин чорабинӣ бо донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






