Дурнамои захираи хўроки чорво ба 118,2 фоиз расид
Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи маълумоти Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ маъракаи захираи хўроки чорво муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ ба миқдори 1 млн. 147 ҳазору 589 тонна хўроки дурушти чорво бояд захира шавад.
То 20 октябр дар ҷумҳурӣ ба миқдори 1356510 тонна хўроки дурушт захира шудааст, ки 118,2 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дурнамои хўроки ширадори чорво имсол дар ҷумҳурӣ 102 ҳазору 215 тоннаро ташкил медиҳад. То 20 октябр дар ҷумҳурӣ ба миқдори 60 ҳазору 013 тонна хўроки ширадори чорво захира шудааст, ки 58,7 фоизи дурнаморо дар бар мегирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






