Э. Раҳмон: “Афзоиши пасандозҳо ва даромадҳо-шаҳодати баланд шудани некўаҳволии мардум аст”
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар давоми 10 соли охир бақияи умумии пасандозҳои аҳолии вилояти Суғд дар бонкҳо беш аз 7 баробар зиёд шуда, қариб ба 1 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин аз баланд шудани некўаҳволӣ ва дар айни замон афзоиши эътимоди мардум ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Ин нуктаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 21 октябр иброз дошт.
Пасандозҳои сокинони вилоят соли равон ҳам афзоиш ёфта, ба ҳолати аввали октябр 1 миллиарду 150 миллион сомониро ташкил додаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 14,5 фоиз зиёд мебошад.
“Дар 10 соли охир маҷмўи даромадҳо ба ҳар сари аҳолии вилоят аз 867 сомонӣ то ба 4750 сомонӣ афзудааст, яъне 5,5 баробар зиёд шудааст. Аз ҷониби дигар, аҳолии вилояти Суғд дар замони истиқлолият 820 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Яъне дар ин давра аҳолии вилоят аз 1 миллиону 680 ҳазор нафар қариб ба дуюним миллион нафар расидааст. Албатта, ин ҳама аз баракати истиқлолият ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”, — таъкид дошт Сарвари давлат.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






