Файзобод: «Ҷилваи чакан» ҷамъбаст гардид
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод даври аввали Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан» дар сатҳи баланд доир шуд.
Дар озмун директори Фестивал -озмуни ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан» Салоҳиддин Раззоқов, коргардон Қиёмиддин Иброҳим, муовини раиси ноҳия Сайбинисо Раҷабзода, мудири қасри фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошарипов ба ҳунари иштирокдорони озмун баҳо доданд.
Тибқи нақша даври аввали озмуни «Ҷилваи чакан» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 10 октябри соли 2015 ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо дар даври ниҳоии чорабинӣ, ки нимаи дуюми моҳи октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, иштирок хоҳанд кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






