Ҳ.Филпотт ҷонибдори ташкили Гурӯҳи дӯстию ҳамкории Тоҷикистон ва Британия
Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати Британияи Кабир дар Парлумони Тоҷикистон ташкил намудани Гурӯҳи дӯстию ҳамкорӣ бо Парлумони Британияро ҷонибдорӣ мекунад. Ташкили гурӯҳи мазкур ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии миёни ҳар ду кишвар мусоидат менамояд.
«Камина дар Парлумони Тоҷикистон ташкил намудани Гурӯҳи дӯстию ҳамкории Тоҷикистон ва Британияро ҷонибдорӣ мекунам. Хоҳишманди ҳамкорӣ бо гурӯҳ ва роҳбари он Бахтиёр Худоёрзода мебошам. Умедворам,, ки ҳамкории судманди ин гурӯҳ бо гурӯҳи вакилони Парлумони Британияи Кабир, ки соли 2016 ба Тоҷикистон сафар мекунад, рушду густариш хоҳад ёфт», — гуфт сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






