«Футболи хурд» бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия
Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия аз 29 октябр то 8 ноябри соли 2015 дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии ҷумҳурӣ мусобиқаи даставӣ оид ба «Футболи хурд» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» баргузор мегардад. Барои ташвиқу тарғиби рушди варзиш дар ҷумҳурӣ, такмили минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва дархостҳо барои иштирок дар мусобиқа аз тарафи ШҶ «Динамо»-и ВКД то 28 феврали соли 2015 қабул мешаванд.
Ҳамчунин, ба ин муносибат дар толори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 4 ноябри соли равон мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба «Шоҳмот ва шашка» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии кишвар гузаронида мешавад. Дархостҳо барои иштирок дар мусобиқа ба ШҶ «Динамо»-и ВКД то 31октябри соли ҷорӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҳамзамон рӯзҳои 28-ум то 30-юми октябри соли 2015 дар толори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба «Шоҳмот ва шашка» байни кормандони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ баргузор хоҳад шуд. Дархостҳо барои иштирок дар мусобиқаи мазкур то 27 октябри соли ҷорӣ қабул мешаванд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, диплом, сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






