Гурӯҳи ДИ масъулияти амалиёти террористиро ба дӯши худ гирифт

Октябрь 6, 2015 06:43

Душанбе, 06.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Гурӯҳи  террористии «Давлати исломӣ» масъулияти таркиши бомба  дар ҷануби Ироқро, ки бар  асари он  10  нафар  ҳалок  гардид, ба дӯши  худ  гирифт. Дар  ин  бора Агентии France Presse хабар  медиҳад. 
Дар  изҳороти  ифротиён  гуфта  мешавад, ки  мақсад  аз амалиёти террористӣ нест кардани  мусулмонони шиапараст  аст, ки аксарияти  аҳолии ҷануби  Ироқро ташкил  медиҳанд. «Давлати  исломӣ» асосан иборат  аз мусулмонони пайрави мазҳаби  суннат  мебошад.
Автомобили  дорои моддаи  тарканда дар  шаҳри Аз  Зубайри назди   шаҳри  Басраи Ироқ тарконида шуд.  Тавре  ки сардори  раёсати амнияти  музофоти  Басра Ҷаббор ас  Саъдӣ хабар  дод, бар  асари  таркиш 10  нафар  ҳалок  гардид. 
Худи  ҳамон  рӯз  дар минтақаҳои  дигари  кишвар  боз ду  амалиёти террористӣ  сурат  гирифт. Дар  шаҳри Ҳалиси  музофоти Диёл бар  асари таркиши  автомобил камаш  35  нафар ҳалок гардида, 40  нафар  захмӣ  шуд. Дар ноҳияи  Ал  Ҳусайнияи пойтахти  Ироқ  шаҳри  Бағдод  бар  асари таркиши  автомобил  камаш  12  нафар низ ҳалок гардид. 

Октябрь 6, 2015 06:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад