Гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қурғонтеппа, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аввалин гурӯҳи наваскарон аз ҳисоби ҷавонони вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Дар чорабиние, ки бахшида ба рӯзи даъватшавандагон дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишони мардонагиву ҷасорат буда, аз ҳар яки мо зиракаву ҳушёриро талаб мекунад. «Ҳифзи марзу бум ва миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ба ҳисоб меравад»,-афзуд Д. Гулмаҳмадзода.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аввалин шуда дар ноҳияи Носири Хусрав нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ иҷро гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






