Гусели наваскарони вилояти Суғд бо маросими мардумии «нонгазон»
Душанбе, 05.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи шанбеи гузашта нахустин гурӯҳи наваскарон аз ҳисоби ҷавонони вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ҳузури беш аз 7 ҳазор ҷавон, афсарону сарбозон, фаъолони вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр кард, ки артиши миллӣ сипари тавоно ва кафили осудагиву амнияти мамлакат дониста мешавад. А.Қодирӣ ба фарзандони арҷманди Суғдзамини бостонӣ, ки имрӯз бо дарки масъулияти фарзандӣ ва амри дилу виҷдон хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намудаанд, фатҳи қуллаҳои баланди мардонагиву матонатро таманно намуд.
Хотиррасон мешавем, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Олии Тоҷикистон мавсими даъвати навасккарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз 1-уми октябри соли равон оғоз шуда, аллакай ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 1000 ҷавон бо хоҳиши худ сафарбар мешаванд, ки аксари онҳо дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ буда, дар миёни онҳо ҷавонони соҳибҳунар низ ҳастанд. Дар нахустин рӯзи даъват дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол нақшаи даъват ба иҷро расида, дар як зумра шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯз то беш аз 90 дарсади нақша иҷро гардидааст.
Дар чорабинии мутантан бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии нонгазон низ сурат гирифт. Сипас барои иштирокчиёни ҳамоиши мутантан бо ҳузури санъаткорони номии вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд. Пас аз итмоми ин барнома даъватшавандагон аз Амфитетари Қасри Арбоб ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омаданд. Дар шаҳраки Ғафуров барои даъватшавандагон ва волидони онҳо, дар маҷмӯъ барои 4000 нафар дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ низ манзур гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






